Ба истифода додани коргоҳи нонпазию қаннодӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти онҳо дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нонпазӣ ва қаннодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Корхонаи мазкур бо тамғаи “Файзи Истиқлол” маҳсулот омода намуда, барои бо сифат анҷом додани фармоиши мизоҷон ва қонеъсозии талаботи бозори шаҳр имконияти мусоидро доро мебошад.
