Ифтитоҳи корхонаи Разес Фарма дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд.
Ифтитоҳи корхона дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими амнияти дорувории кишвар, иқдоми муҳим ба шумор меравад.
