Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81 - солагии Рӯзи ғалаба

Posted Sat, 05/09/2026 - 13:51
By shahnavoz

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба

Posted Sat, 05/09/2026 - 13:49
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Thu, 04/30/2026 - 12:12
By shahnavoz

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ифтитоҳи Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ Гулнур дар шаҳри Норак

Posted Fri, 04/24/2026 - 15:17
By shahnavoz

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Гулнур оғоз бахшиданд.

Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.

Ба истифода додани хатти истеҳсоли панҷараҳои оҳанини ҶСП Заводи таҷрибавӣ-механикӣ дар шаҳри Норак

Posted Fri, 04/24/2026 - 15:15
By shahnavoz

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.

Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - Саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест” бо 20 ҷойи корӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Норак

Posted Fri, 04/24/2026 - 15:14
By shahnavoz

24 апрел дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ  қарор доданд.

Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандуст Хуҷамурод Азимӣ дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи 8 иншоот тариқи фосилавӣ дар шаҳри Норак

Posted Fri, 04/24/2026 - 15:12
By shahnavoz

24 апрел зимни  сафари корӣ ба шаҳри Норак  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 Неругоҳи барқии обии Норак, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки  аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Ба истифода додани агрегати №7 Неругоҳи Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев баъд аз таъмиру навсозӣ

Posted Fri, 04/24/2026 - 11:04
By shahnavoz

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.

Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз шаҳри Норак оғоз ёфт.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати №7 Неругоҳи барқии обии Норакро ба истифода доданд.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Posted Tue, 04/21/2026 - 15:58
By shahnavoz

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.