МЕҲРНОМАИ ЯК ҲАМЗАБОН БА ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ба номи Худованди ҷону хирад
Хирадманди донову равшанравон,
Танаш з-ин ҷаҳон асту ҷон з-он ҷаҳон.
Раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти миллатеро ба Шаҳномаи безаволи устоди Тӯс кушода кард. Фарҳанги “Шоҳнома” фарҳанги табори ориёӣ ва фаротар аз он фарҳанги башарият аст. Ин метавонад вижагии мунҳасир ба фарди ин китоб ва шаҳсутуни ҳаёти қавмии ҳама ориёинажодон бошад, ки имрӯз ҳар куҷо ҳастанд: Ирон, Қафқоз, Афғонистон, Тоҷикистон, пойинрудону варорудон худро дар оинаи он боз меёбанд.
