Гузоштани санги асоси Корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
1 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.
Ин боз як қадами устувор ба сӯйи рушди минбаъдаи соҳаи саноати маъдан, афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар ва содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад, зеро ин нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.
