Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Mon, 11/18/2024 - 14:55
By shahnavoz

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев дар доираи тадбирҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд.

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Mon, 11/18/2024 - 14:54
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Mon, 11/18/2024 - 14:52
By shahnavoz

18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзол дар назди Корхонаи зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-и шаҳри Бӯстон

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:27
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.

Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:05
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "Адл" дар шаҳри Истаравшан

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:03
By shahnavoz

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшн Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "АДЛ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи саноативу истеҳсолии ҶДММ "АДЛ" дар доираи тадбирҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандуст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:02
By shahnavoz

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ  ба  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд.

Иншооти нави саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Икром Набиев таъсис ёфтааст.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандорӯ ва система барои доруи қатрагӣ буда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго»

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:01
By shahnavoz

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда,  се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.

Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:00
By shahnavoz

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. 

Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд

Posted Mon, 11/18/2024 - 11:00
By shahnavoz

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.