Ба истифода додани бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муаррифии лоиҳаи бунёди бинои нави хобгоҳи 7-ошёна

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:41
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд.

Тибқи маълумот, корҳои сохтмонии хобгоҳ аз соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатӣ

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:40
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хусрав сохтмон  бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Сунатулло Гадоев дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар шаҳри Бохтар

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:39
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 68 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шуданд.

Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст.

Мулоқот бо ятимони кулл, хонандагони болаёқат, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:38
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити арзандаи зиндагии ятимону бепарасторон ва беҳсозии таълиму парвариши хонандагон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсон бо маркази савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:38
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.

Ифтитоҳи бинои ҶДММ Шифобахши Аср дар шаҳри Бохтар

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:37
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази ташхису табобати Шифобахши Асрро ба истифода доданд.

Иншооти нави тандурустӣ аз шуъбаи қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳё иборат буда, дар он ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, амрози даруна, амрози занона ва дигар намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст. Дар марказ 32 ҷои нави корӣ таъсис ёфтааст, ки каси баландихтисоси дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсилнамуда барои хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.

Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф, муаррифии лоиҳаҳои бунёди 4 иншооти дигари ин соҳа ва 1 муассисаи варзишӣ

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:36
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии инноватсионӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:35
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд.

Иншооти нави соҳаи маориф дар маркази вилояти Хатлон барои ба таълим фаро гирифтани 240 тарбиятгиранда дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли макарони Руми Паста дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ

Posted Thu, 12/25/2025 - 14:33
By shahnavoz

25 декабр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Корхонаи макарони «Руми Паста»-ро мавриди баҳрабардори қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ давоми як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба истифода додани корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Posted Thu, 12/25/2025 - 13:39
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд.

Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад.

Ғалла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад.