Ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳони ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳонро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи меҳмонхонаи муосири Кайҳон 5-ошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Меҳмонхонаи мазкур дорои толори муосири маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ ва барои меҳмонони олимақом буда, дар дар як вақт метавонад то 188 меҳмон қабул намояд.
