Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:27
By shahnavoz

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.

Сипас, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шуда, дар он 25 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.

Ба истифода додани бинои Суди вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:26
By shahnavoz

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.

Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурии Суди вилояти Суғд, ҳамчунин Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:25
By shahnavoz

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот  ба маъраз гузошта шуда буд.

Ифтитоҳи Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:24
By shahnavoz

8 июл бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:23
By shahnavoz

8 июл зимни  сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест», иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ Суғдроҳсоз дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ “Ирода инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:21
By shahnavoz

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Дар ин ҷо нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.

Ифтитоҳи хатти нави оби полезӣ бо дарозии 12 километр дар ноҳияи Дешваштич

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:33
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад. Ин тадбири муҳим бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардидааст.

Ифтитоҳи 12 иншоот ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Деваштич

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:33
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд  дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти нави технологӣ дар корхонаи Ҳаҷмис иқтидори солонаи корхона аз 5 миллион дона хишт ба 10 миллион дона расонида шуд. Аз ин ҳисоб шумораи коргарон қариб як маротиба афзуда, ба 90 кас расид.

Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии №6 дар деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:31
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардида, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.

Муаррифии лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон - эко резорт

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:30
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон - эко резорт шинос шуданд.

Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.

Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.