Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Thu, 12/11/2025 - 22:19
By shahnavoz

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.

Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.

Сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Thu, 12/11/2025 - 20:04
By shahnavoz

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи бинои Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор ва тақдими хонаҳои истиқоматии хизматӣ ба кормандони он

Posted Tue, 12/09/2025 - 16:46
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода дар маркази шаҳр бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.

Бинои зебои навбунёд аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим,  хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ба истифода додани корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ Алюминийи аввалин дар шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 16:42
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.

Тариқи маҷозӣ ба истифода додани ҶДММ Бозори Турсунзода дар шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 16:41
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ҶДММ Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.

12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани 6 кӯдакистони хусусӣ дар шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 12:22
By shahnavoz

 

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи маҷозии 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 12:09
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод,  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулу

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 11:20
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии   № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд.

Ба истифода додани марҳилаи дуюми ҶДММ Алюмин Проф дар шаҳри Турсунзода

Posted Tue, 12/09/2025 - 11:09
By shahnavoz

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд. 

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Posted Fri, 12/05/2025 - 10:12
By shahnavoz

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.