Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар

Posted Tue, 11/04/2025 - 16:13
By shahnavoz

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.

Оғози сафари корӣ ба Давлати Қатар

Posted Tue, 11/04/2025 - 08:35
By shahnavoz

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақоми Давлати Қатар самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

Posted Mon, 11/03/2025 - 16:19
By shahnavoz

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.

Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 16:51
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дидан намуданд.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст.

Ҳосили пурбори себҳои “Зарринтоб”, “Ситораи кӯҳсор” ва ноки Нозанин, ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии Чаноро дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 16:50
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод дар деҳаи Хами Савраи деҳоти Ҷавонон аз қитъаи замини помидор дар хоҷагии деҳқонии Чаноро дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки майдони умумии хоҷагии деҳқонии Чаноро 611 гектарро ташкил дода, имсол саҳмдорони хоҷагӣ дар баробари дигар зироатҳои кишоварзӣ дар 4 гектари он помидори гулобии  хоси ноҳия ва навъҳои дурагаи серҳосил кишт намуданд.

Тариқи маҷозӣ ба истифода додани бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 16:49
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави Маркази саломатии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 760 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти муосири тандурустӣ дар деҳаи Сафедхоки ноҳияи Файзобод дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб мебошад.

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 16:48
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои асосии Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳия дар масоҳати умумии 3 ҳазору 375 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна ва 214 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 226 кат иборат аст.

Муаррифии лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд ва гузоштани санги асос барои бунёди муасиссаи таълимӣ ва кӯдакистон дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:16
By shahnavoz

30 сентябр дар ноҳияи Файзобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд.

Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ гардидааст.

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва 2 иншоот ба таври фосилавӣ

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:16
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид.

Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:15
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав 14 мутахассис дар ҳуҷраҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз кору фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.