Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
27-уми август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд.
Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.
