Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Posted Thu, 07/24/2025 - 09:37
By shahnavoz

Бегоҳии 23 июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Ифтитоҳи бинои нави тарабхонаи “Кайҳон” дар шаҳри Бӯстон

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:59
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати Маҷмааи муосири “Кайҳон”-и ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои нави тарабхонаро  ифтитоҳ намуданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.

Иншооти навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳони ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:58
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳонро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи меҳмонхонаи муосири Кайҳон 5-ошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Меҳмонхонаи мазкур дорои толори муосири маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ ва барои меҳмонони олимақом буда, дар дар як вақт метавонад то 188 меҳмон қабул намояд.

Ифтитоҳи корхонаи “Хишти муосири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:57
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Сайидаҳмад Сайидкамолов бунёд шуда, аз лиҳози иқтидор калонтарин иншооти истеҳсоли хишти сабук дар вилояти Суғд ба шумор меравад.

Ифтитоҳи Мактаби санъати шаҳри Бӯстон баъди навсозӣ

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:56
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар кӯчаи Куруши Кабири шаҳри Бӯстон бинои зебою замонавии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов”-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаби санъат, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ гардид.

Ифтитоҳи хатти нави корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ ва коргоҳҳои сарпӯшҳои металлӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли ях дар ҶДММ Сирдарёи шаҳри Хуҷанд

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:53
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд.

Нахуст корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ ба кор дароварда шуд.

Корхонаи нав дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ширкати истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳаи саноат дар масоҳати 0,31 гектар ва бо насби технологияи стандартҳои аврупоӣ таъсис дода шудааст.

Ифтитоҳи факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:52
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд.

 Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо  500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа, омӯзгорон ва курсантонро барои истифодаи бамаврид аз имконияти фароҳамшуда ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ ДороАртФуд дар шаҳри Хуҷанд

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:50
By shahnavoz

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ДороАртФудро ба истифода доданд.

 Корхонаи муосири саноатӣ аз ду хатти технологӣ иборат буда, иқтидораш дар як моҳ коркарди то 600 тонна меваю сабзавотро ташкил дода, дар як сол ба 7200 мерасад.

Ба кор даровардани хатти оби полезӣ ва муаррифии лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:47
By shahnavoz

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:46
By shahnavoz

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.