Ифтитоҳи фосилавии 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
