Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон ва роҳбарияти он ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимӣ изҳор намуданд.
