Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Posted Mon, 05/25/2026 - 10:33
By shahnavoz

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи  муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.

Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

Posted Mon, 05/25/2026 - 09:35
By shahnavoz

Ҳамватанони гиромӣ!

Дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯям.

Бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Posted Sat, 05/23/2026 - 19:04
By shahnavoz

 

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо  масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина  ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид.  Ҳамчунин, ба аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб”

Posted Sat, 05/23/2026 - 19:04
By shahnavoz

 

Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.

   ФАРМОНИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Posted Sat, 05/23/2026 - 18:59
By shahnavoz

 

                                                                         ФАРМОНИ
                                              ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                   Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино
                                   дар соҳаи тиб

 

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ

Posted Tue, 05/19/2026 - 13:22
By shahnavoz

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Thu, 05/14/2026 - 18:07
By shahnavoz

​Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд.

​Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:13
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чунчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.

Боздид аз корхонаи саноатии “Зонгшен” дар шаҳри Чонгчин

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:12
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин аз ширкати калони саноатии “Зонгшен” боздид намуданд.

Дар корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.

Идомаи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:11
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд.

Нахуст боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии Серес оғоз ёфт.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес” оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати “Хуавей Аито” маълумот дода шуд.