Ба истифода додани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад.
