Ифтитоҳи фосилавии биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд

Posted Mon, 11/10/2025 - 16:41
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Ифтитоҳи Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Mon, 11/10/2025 - 16:40
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд.

Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт.

Ба истифода додани бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Posted Mon, 11/10/2025 - 16:37
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд.

Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)

Posted Mon, 11/10/2025 - 09:38
By shahnavoz

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ  изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд.

Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

Posted Mon, 11/10/2025 - 09:35
By shahnavoz

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд.

Оғози сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Mon, 11/10/2025 - 09:34
By shahnavoz

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд.

Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, Ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, Муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Mon, 11/10/2025 - 09:32
By shahnavoz

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд.

Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

Posted Tue, 11/04/2025 - 16:17
By shahnavoz

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз  ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Posted Tue, 11/04/2025 - 16:16
By shahnavoz

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Суханронӣ дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ

Posted Tue, 11/04/2025 - 16:14
By shahnavoz

Муҳтарам Дабири кулл,

Хонумҳо ва ҷанобон,

 Дар оғоз  ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям. 

Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул  ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.