Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Мафтуна дар шаҳри Истаравшан

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:35
By shahnavoz

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Мафтунаро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қаюм Шарифов бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Ба истифода додани корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии ҶДММ Файз Нур-ТВ дар шаҳри Истаравшан

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:34
By shahnavoz

 

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии рақами 2-и шаҳри Истаравшан корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи Нур-ТВ-ро бо бренди миллии Нур ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бародарон Файзиевҳо дар масоҳати умумии 2 гектар бунёд гардидааст.

Иншоот дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, аз 4 сехи истеҳсолӣ, анборхона, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад.

Ба истифода додани бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:33
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони минтақаи озоди иқтисодии Суғд, соҳибкорон ва сокинони вилоят ба ҳисоб меравад.  

Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Ифтитоҳи Корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ Донаи алмос дар шаҳри Хуҷанд

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:32
By shahnavoz

18 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмосро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва хатҳои технологие, ки барои коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли маҳсулоти хушк истифода мешавад, шинос шуданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросаноатии Саховат дар шаҳри Хуҷанд

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:32
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросанотии Саховат оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи тозабунёд дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд.

Дар ин ҷо тавассути технологияи нави инноватсионӣ ва ҷалби 30 коргари маҳаллӣ маҳсулоти босифат аз шири табиӣ бо тамғаи Саховат милк истеҳсол мешавад.

Ба истифода додани Муассисаи томактабии Аркон

Posted Wed, 11/19/2025 - 12:29
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд ва ба таври фосилавӣ ба истифода додани ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Posted Tue, 11/18/2025 - 11:47
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад.

Ифтитоҳи Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд

Posted Tue, 11/18/2025 - 11:46
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд.

Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

Posted Tue, 11/18/2025 - 11:45
By shahnavoz

18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Posted Tue, 11/18/2025 - 10:24
By shahnavoz

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ бо самимона истиқбол гирифтанд.