Ба истифода додани коргоҳи маҳсулоти пластикӣ ва сардхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Чавроқро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад.
