Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:57
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:56
By shahnavoz

Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.

Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:55
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот нахуст ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ирсоли барқияи шодбошӣ дар мавриди қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ва дастгириҳои пайвастаи Созмон дар робита ба иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ин Даҳсола ба тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:54
By shahnavoz

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ  мавзуъҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон нақши механизми “С5+1”-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд”.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:53
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони расмии кишвар истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:52
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:51
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ - 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:50
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ!

Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, кӯдаконеро, ки имсол бо шодиву сурур бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, шодбош мегӯям ва ба онҳо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 барои 2400 хонанда дар ду баст ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:49
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи фосилавии ду иншоот ва муаррифии лоиҳаҳои се иншоот дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 09:02
By shahnavoz

Пас аз боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабии Зирамоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистон ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба истифода доданд.