Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот дар ноҳияи Фархор
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.
Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад.
