Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
