Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде

Posted Tue, 09/24/2024 - 08:26
By shahnavoz

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Mon, 09/23/2024 - 11:07
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон» дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:08
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳоти Булёни поён ба истифода доданд. 

Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар мудати як моҳ омода карда шуд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:07
By shahnavoz

19 сентябр дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ин деҳа дар оғози соли нави таҳсил арзёбӣ гардид.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:06
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов бинои нави таълимии №86-ро, ки барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии №8 дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:05
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара ба фаъолияти Муассисаи таълимии томактабии №8 ба номи “ХУШБАХТ” расман оғоз бахшиданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:04
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боздид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” дар деҳаи Лоларух ва шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:03
By shahnavoz

19 сентябр дар деҳаи Лоларухи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо парвариши сабзавоту полезӣ дар хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” шинос шуданд.

Майдони умумии хоҷагӣ 40 гектарро ташкил намуда, истеҳсоли ғалладона, сабзавот, полезӣ ва хӯроки чорво самтҳои асосии фаъолияти аҳли заҳмати онро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии хоҷагӣ 25 гектараш обӣ мебошад.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх-Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:02
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд.

Дарозии умумии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро ташкил намуда, аз хизматрасонии он сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳияи Данғара истифода мекунанд. Ин роҳ барои сокинони чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик ҳам, ки бо он пайвастанд сабукӣ меорад.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/20/2024 - 10:02
By shahnavoz

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.