Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе

Posted Sat, 09/05/2026 - 08:36
By shahnavoz

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сангӣ асос гузоштанд.

Маҷмааи меъморӣ аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он, ки бо 77 ошёна 340 метр баландӣ хоҳад дошт, бурҷи Душанбе номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар

Posted Sat, 09/05/2026 - 08:35
By shahnavoz

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.

Ба истифода додани маркази хизматрасонии Аҳмадҷон дар шаҳри Душанбе ва мулоқот бо 151 ятим ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо

Posted Sat, 09/05/2026 - 08:34
By shahnavoz

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд.

Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе

Posted Wed, 09/02/2026 - 11:11
By shahnavoz

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Posted Wed, 09/02/2026 - 11:10
By shahnavoz

1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

Posted Wed, 09/02/2026 - 11:09
By shahnavoz

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд. 

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+

Posted Wed, 09/02/2026 - 11:07
By shahnavoz

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирок дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”

Posted Tue, 09/01/2026 - 14:00
By shahnavoz

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Роҳбари он Садир Жапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили  сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:59
By shahnavoz

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои кӯчманчиён

Posted Tue, 09/01/2026 - 13:58
By shahnavoz

 

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд.

Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад.

Он ба рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад.

Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин бозӣ пешкаш карда шуд.