Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабии Зирамоҳ дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 09:01
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии Зирамоҳро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Саидзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он 30 корманд, аз ҷумла 26 мураббия ва ёварони онҳо, ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти нав дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:59
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи кӯдакистони Орзу ба таври фосилавӣ 10 иншооти нави иҷтимоӣ ва хизатрасонӣ, аз ҷумла 16 километр роҳи деҳаи Сафедобро ифтитоҳ намуданд.

Маҷмуи иншооти навсохтро  роҳу пул, иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва  варзишӣ ташкил медиҳад, ки ҳамаи он аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони  ватандусти ноҳияи Данғара бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд шудааст.  

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии Орзу дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:58
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст .

Ба истифода додани Маҷмааи варзишии болопӯшида ва майдончаи бозии кӯдакон дар маҳаллаи 9-уми деҳоти шаҳраки Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:57
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.

Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 воқеъ дар маҳаллаи 4-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:56
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.

Ифтитоҳи бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:55
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандартро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, дар масоҳати 2 ҳазору 850 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Сохтмони он моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Агентии Тоҷикстандарт пурра ба анҷом расонида шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:54
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Нозироти андоз дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти андоз ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:53
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 корхонаи нави саноатӣ - корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.

Дар ин 3 корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.

Ба истифода додани корхонаи равған дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:51
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд.

Корхонаи саноатӣ аз бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он 18 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзамин дар ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:50
By shahnavoz

26 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.