Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:26
By shahnavoz

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот карданд.

Дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:21
By shahnavoz

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Иштирок дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:20
By shahnavoz

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:13
By shahnavoz

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ кард.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Posted Tue, 09/19/2023 - 08:59
By shahnavoz

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оғози сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Tue, 09/19/2023 - 08:59
By shahnavoz

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Mon, 09/18/2023 - 11:41
By shahnavoz

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 78-уми  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Posted Fri, 09/15/2023 - 09:16
By shahnavoz

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.

Иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”

Posted Fri, 09/15/2023 - 09:13
By shahnavoz

14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ - “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон ташриф овард

Posted Thu, 09/14/2023 - 11:08
By shahnavoz

Имрӯз, 14 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар чаҳорчӯби ин сафар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад, иштирок менамояд.