Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон омад

Posted Thu, 09/14/2023 - 11:07
By shahnavoz

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард

Posted Thu, 09/14/2023 - 11:05
By shahnavoz

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ташриф овард

Posted Thu, 09/14/2023 - 11:04
By shahnavoz

Имрӯз, 14 сентябр  Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Posted Thu, 09/14/2023 - 11:01
By shahnavoz

Имрӯз, 14 сентябр  Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

САММИТИ ДУШАНБЕ. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

Posted Thu, 09/14/2023 - 10:24
By shahnavoz

14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад ва ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд. Интизор аст, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ гарданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

Posted Sat, 09/09/2023 - 16:08
By shahnavoz

9 сентябр дар  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид намуданд.

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Sat, 09/09/2023 - 16:07
By shahnavoz

Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

“Ҷаноби Олӣ

Маросими супоридани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Posted Fri, 09/08/2023 - 17:23
By shahnavoz

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» қадрдонӣ намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ

Posted Fri, 09/08/2023 - 17:21
By shahnavoz

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Posted Fri, 09/08/2023 - 10:37
By shahnavoz

08.09.2023 09:20, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Ҳозирини гиромӣ!

Ин лаҳзаҳо тамоми мардуми шарифи тоҷик дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар таърихи навини кишварамон санаи муҳимтарину сарнавиштсоз мебошад, қарор доранд.

Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.