Боздид аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон
26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.
