Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:10
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:09
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.

Беморхона барои қабул ва табобати 120 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст.

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:08
By shahnavoz

20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.

Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:07
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:06
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:05
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд.

Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст.

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:04
By shahnavoz

20 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят  самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:35
By shahnavoz

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.

Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT)

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:34
By shahnavoz

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд.

Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом - Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд.

Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:34
By shahnavoz

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.